Имрӯз, 14-уми феврал дар толори Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати ҶТ, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шуданд, мулоқот кард.
Бо фармонҳои Президенти ҶТ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло муовинони сарвазири Тоҷикистон таъин шуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ кадрҳои ҷавон таъин шуданд, ки дар баробари таҷрибаи корӣ ва малакаи роҳбарӣ бо зиёда аз ду забони хориҷӣ муоширати озод карда метавонанд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, инчунин муовинони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.
Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи ҶТ пешниҳоди раисҷумҳур ҷиҳати додани ризоият дар бораи аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Тоҷикистон озод кардани Назарзода Ҳотам Назрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи аз вазифаҳои муовинони Прокурори генералии ҶТ озод намудани Ваҳҳобов Валӣ Манонович ва Осимзода Муҳаммадиброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон, инчунин дар бораи ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии ҶТ таъин кардани Ҳикматуллозода Абдуғаффор, дар бораи муовинони Прокурори генералии ҶТ таъин намудани Талбакзода Дилшод Саид ва Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардид.
Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ прокурори шаҳри Душанбе, прокуророни ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, муовинони прокурори вилоятҳои Хатлону Суғд, прокуророни шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Бӯстони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Муъминободи вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд иваз гардиданд.
Раисҷумҳур зимни суҳбат ба кадрҳои таъиншуда иброз дошт, ки вазифаи асосии ҳар як мутахассис дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат кардан аст.
Аз кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ бо қатъият талаб карда шуд, ки нисбат ба қонуншиканӣ дар хариду фурӯши замин, ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ, терроризм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ муборизаи дастҷамъона баранд.
“Дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиддӣ ва серталаб бошед, назорати якхелаи татбиқи қонунҳои амалкунандаро дар мамлакат таъмин намоед, уҳдадориҳои оинномавии худро дар ҷаҳорчӯбаи қонун амалӣ намуда, намунаи ибрат дар ҷомеа бошед”, - таъкид кард сарвари давлат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста