Имрӯз ба вазифаи сарвари “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Рустам Хуршедзода таъйин шуда, аз роҳбарии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим” озод гардид.
Дар ин хусус Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ҳамчунин Фаррух Маҳмадзода аз вазифаи муовини сарвари Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” озод ва сарвари Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим” таъин шудааст.
Ин тағйироти кадрӣ бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба амал омадааст.
Ёдрас мекунем, дирӯз бо фармони раисҷумҳур собиқ сарвари “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин шуд.
Собиқ вазири тандурустӣ Насим Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста