Ба Собирҷон Собиров, сардухтури пешини беморхонаи марказии вилояти Суғд, ки дар давраи сару садоҳои коронавирус розӣ нашуда буд пеш аз омадани намояндаҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт беморони илтиҳоби шушро рухсат кунад, мансаби нав додаанд.
Собирҷон Собиров сардухтури Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд таъин гардидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят хабар дод.
Ин беморхона тозабунёд буда, гуфта мешавад, бо маблағи 6 миллион сомонӣ моҳи сентябри соли равон бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ супурда шудааст. Бемористон дорои 200 кати табобатӣ мебошад, ки дар ин ҷо бо истифода аз таҷҳизоти муосир имкон дорад, 40 намуди ҷарроҳӣ гузаронида шавад.
Исми Собирҷон Собиров замоне расонаӣ гардид, ки моҳи майи соли равон ҳангоми боздиди эҳтимолии намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз беморхонаи мазкур, аз вазифа барканор шуд ва ин боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна сару садоҳо гардид. Собирҷон Собиров рӯзи 4-уми май дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфта буд, бо хоҳиши худ ариза навишту аз кор рафт.
"Барои хидмат ба мардум дар ҳама ҷо ва дар ҳар замон омода ҳастам", - гуфта буд ӯ, вале ҷузъиёти аз вазифа рафтанашро ошкор накарда буд.
Аммо он замон ҳамкорону ҳамскабонаш бидуни бурдани номашон ба расонаҳо гуфта буданд, ки сабаби барканории Собиров ин рад кардани дастури мақомот буд. Ба ӯ гуфтанд, ки пеш аз боздиди эҳтимолии намояндагони СҶБ (ВОЗ) аз ин беморхона, маризонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳад, вале ӯ рад карда буд.
Бояд гуфт, ки беморхонаи вилоятии Суғд, охири моҳи апрел ба бемористони махсус барои муолиҷаи беморони гирифтори илтиҳоби шуш/пневмония табдил ёфт.
Собирҷон Собиров дар гузашта дар вазифаҳои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва сардухтури беморхонаи вилоятӣ кор кардааст. Ҳамкорону ҳамкасбонаш аз ӯ ба сифати як кадри соҳбтаҷриба, роҳбари кордону муваффақ ва саховатманд ном мебаранд.
Замоне, ки Собиров ба дастури мақомот посухи рад дода буд, ба як қаҳрамони корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфта буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста