Фурқат Хоҷазода ду ҳафта пеш Додситони вилояти Суғд таъин шудааст, дар ин бора ба “Азия-Плюс” Пайрав Сайфиддинзода масъули кор бо матбуоти Додситонии Суғд хабар дод. Ба гуфтаи Сайфиддинзода ду ҳафта аст, ки Хоҷазода масъулияти Додситони вилояти Суғдро пеш мебарад.
Додситони пешини вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 18-уми декабр директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон таъин шуда буд.
Бино ба иттилои манбаъ, Фурқат Хоҷазода то омадан ба мақоми додситони вилояти Суғд дар мақоми муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекард.
Хоҷазода Фурқати 41-сола, зодаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон аст. Риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2001 хатм карда, корро аз худи Додситонии кулл ба унвони муфаттиш оғоз кардааст.
Баъдан Хоҷазода ба ҳайси додситони ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Муъминободи вилояти Хатлон кор кардааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, сарҳанги мақомоти додситонӣ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста