Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 ноябр бо иштироки муовинони сарвазир, роҳбари дастгоҳи иҷроия, ёрдамчиёнаш ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир кард.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат ба ҳукумати кишвар ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, дастуру супоришҳо дод.
Гуфта мешавад, ҳамчунин доир ба риояи қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ”, вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокворӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои серхароҷот, супоришҳои мушаххас дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста