Имрӯз, дар идомаи тағйироти кадрӣ Ҳакимбек Абдуалимзода, ки то ин дам ба унвони муовини ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор мекард, ректори инниҳод таъин шудааст. Дар ин бора Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Абдуалимзода ба ҷойи Шукрулло Хайрзода таъин шуд, ки дувумӣ инрӯз бо қарори раиси ҳукумат муовини вазири мавориф ва илми кишвар таъин шуд.
Гуфта мешавад, ки Ҳакимбек Абдуалимзода номзади илмҳои иқтисодӣ буда, аз январи соли 2020 ҳамчун муовини ректори ин донишгоҳ фаъолият мекард.
Ӯ зодаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон буда, соли 2006 ришати андозу андозбандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
Абдуалимзода аз соли 2006 то соли 2011 дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият карда, моҳи ноябри соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Асосҳои назариявии бехатарии берунииқтисодӣ дар шароити иқтисоди кушод ва гузариш (дар мисоли ҶТ)» ҳимоя намудааст.
Ӯ солҳои 2014-2018 мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ ва солҳои 2018-2020 декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон будааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ муаллифи беш аз 25 асари илмию методӣ буда, оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста