Субҳи имрӯз, 15-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) рафт ва чанд иншооти таълимӣ ва амниятӣ боз кард.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент иттилоъ дода, ҳадафи сафарро “шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” унвон кардааст.

Ин аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳаводиси моҳи майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ аст.

Дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи дарвоз оғоз гардида, ӯ нахуст бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма шинос шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб мешавад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст.

Баъди пурра таҷдиду навсозӣ намудан ин қитъа 16 километр кӯтоҳ гардида, дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон «Майдони ромишгарон»-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ кард.

“Ба хотири гиромидошти хотираи неки шахсони барӯманди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараҳои ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик Акашариф Ҷураев, ромишгари классики тоҷику форс Борбади Марвазӣ ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Абдулло Назрӣ қомат афрохтаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ин муҷассамаҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз тарафи ҳайкалтарошони мумтози тоҷик сохта шудааст.

“Дар ҳамин ҷо бо иштироки фарзандону пайравони Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ ва аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ аз эҷодиёти ин чеҳраҳои дурахшони санъати асили мусиқии тоҷик пешниҳод  шуд”, - менависад Хадамоти матбуотии президент.

Дар идомаи сафари худ, сарвари давлат, дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Дарвоз ва бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз шинос гардид.

Бинои таълимӣ 3-ошёна буда, аз ҷониби соҳибкоронт барои беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии хонандагон сохта шудааст. Иншоот дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои 840 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

Дар гимназия беш аз 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бунёд мешавад.

Бинои нави беморхона 3-ошёна буда, аз 100 кати хоб иборат мебошад. Он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Бинои шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дарвоз аз 3-ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари худ, дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб”-ро ифтитоҳ намуд.

Ҳамчунин, дар отряди сарҳадии “Дарвоз” дидбонгоҳҳои муосири сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фархор, Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлонро, ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор дод.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб” аз маҷмааи бинои хонаи сарбозон бо 3 ҳуҷраи хоб барои 60 нафар иборат буда, бо тамоми лавозимоти хизмат аз қабили рахти хоб, маводи шустушуйии шахсӣ барои ҳар як сарбоз таъмин мебошад.

Ин аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳаводиси моҳи майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруқи ВМКБ аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.