Душанбе. 23 май. Азия-Плюс — Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии мазкур Рустам Назаров бо директори дафтари Департаменти давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар Аврупо, Авруосиё ва барномаҳои осиёӣ Дэвид Костеланчик ва ҳамроҳонӣ ӯ доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН иттилоъ доданд, ба ҳайати ИМА дар хусуси чораҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, вазъи мубориза бо муомилоти ғариқонунии он дар Тоҷикистон, Афғонистон ва дар минтақа ва ҳамчунин ташкили ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла DEA-и ИМА маълумоти муфассал дода шуд.
Ба иттилои сарчашма, директори АНМН зикр намудааст, ки сарфи назар аз тӯлонӣ (беш аз 1300 км) будани масофаи марз бо Афғонистон, Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. «Тамоми маводи нашъаовари дар Тоҷикистон мусодирамешуда (героин, афюн ва каннабис) дар Афғонистон истеҳсол гардида, ҳаҷми асосии он тавассути рӯдхонаи марзии Панҷ интиқол дода мешавад», - гуфтааст ӯ.
Дар навбати худ, Дэвид Костеланчик фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минбаъд низ кӯмакҳои худро ба Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳа ва барномаҳои мубориза бо маводи мухаддир идома хоҳад дод.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста