Душанбе. 23 май. Азия-Плюс – Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси вазири мудофиаи Қазоқистон Адилбек Ҷаксибеков дар шаҳри Бишкек вохӯрии кории вазирони мудофиаи Қазоқистону Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Казоқистон Адилбек Ҷаксибеков ва Қирғизистон – Абибилла Кудайбердиев масоили баргузории машқу тамринҳои муштарак, роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои низомиву техникӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, омодасозии кадрҳои ҳарбӣ ва табодули маълумоти фаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ғайр аз ин, Тоҷикистону Қирғизистон бобати дар моҳи июли соли равон дар қаламрави вилояти Ботканд баргузор намудани машқи низомии муштарак ба мувофиқа расиданд», - гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин гуфт, айни замон шумори техникаву ҷузъу томҳое, ки дар ин машқ ширкат меварзанд, муайян карда мешавад.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста