Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Интишори иттилоот дар бораи бозгашти ман ба сафи Вазорати корҳои дохилӣ асоси воқеъӣ надоранд, - гуфт зимни сӯҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз қумондонҳои саҳроии собиқ иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ аз соли 1997 то соли 2008 вазифаи роҳбари шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои водии Раштро ба ӯҳда дошт.
Ба қавли вай, «ҳеҷ кас маро ба кор дар сафи Раёсати корҳои дохилии тоза таъсисмеёфтаи гурӯҳи ноҳияҳои Рашт даъват накардааст ва ғайр аз ин, ҳеҷ рӯзноманигоре ҳам аз ман напурсидааст, ки оё ман чунин хоҳиш дорам ва синнусолам ба хидмат дар чунин мақомот имкон медиҳад?». «Сабаби пайдо шудани чувнин иттилооти носаҳеҳ шояд дар он бошад, ки чанде аз ҷавонони ҳамроҳи ман хоҳиши хизмат дар мақомоти милисаро изҳор карда, ҳуҷҷатҳои худро барои қабул ба кор ба Раёсати корҳои дохилии гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт супориданд, зеро чун ҳама шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кор дар мақомоти милиса ҳуқуқ доранд», - иброз дошт ӯ.
Дар робита ба масъалаи вазъи сиёсиву иҷимоӣ дар водии Рашт собиқ қумондони саҳройӣ зикр кард, ки «вазъ орому амн аст ва мардум ба кори рӯзмарраи худ машғуланд». «Ман ба корҳои хоҷагии фермерии худ машғулам», - афзуд Мирзохӯҷа Аҳмадов.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Мирзохӯҷа Аҳмадовро ҳукуматдорон дар ҳуҷум ба гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), ки бар асари он 2-юми феврали соли 2008 қумондони гурӯҳ Олег Захарченко кушта шуда буд, гумонбар медонистанд.
Пас аз муташанниҷ гардидани вазъ дар Рашт дар нимаи дуввуми соли гузашта ва аввали соли равон Мирзохӯҷа Аҳмадов ба мақомоти қудратии ҳукумат дар нобуд сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) мусоидату кӯмак намуд.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста