Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуюми рӯзи чоршанбе дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ин гуфтушунидҳо масоили даст ёфтан ба таъмини амнияти минтақа, ҳамкории низомии мутақобилаи ҷонибҳо, таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгроии мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аслиҳа ва ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуданд. «Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, зимни сафари худ ба Тоҷикистон, ки  то 15-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад, Н.Бордюжа аз як қатор қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ боздид карда, бо шароитҳои будубоши афсарону сарбозон ва сатҳи омодагии ҳарбии онҳо аз наздик ошно хоҳад гардид.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.