Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл аҳолии маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ихтиёран 34 адад силоҳи оташфишонро ба мақомоти давлатӣ супраданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ аз тарафи сокинони маҳаллаҳои шаҳр ба таври ихтиёрӣ бе номнавис кардани насаб 34 адад яроқи оташфишон ба анбори нигоҳдории яроқу аслиҳаи шӯъбаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ супорида шуд.
Аз ҷумла, 4 адад пулемёти дастии «Калашников», 11 адад автомати «Калашников», 1 адад Карабини СҚС ЮН №-4252 соли бароришаш 1946, 3 адад Карабини истеҳсоли хориҷӣ, 3 адад Карабини тамғаи «Бур» истеҳсоли Британияи Кабир, 11 адад таппончаҳои тамғаи «Макаров», 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии ERMA WARKE.
Қобили зикр аст, ки ин амал дар арафаи сафари сарвари давлат ба ВМКБ сурат мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, президенти Тоҷикистон пагоҳ бо сафари корӣ озими Бадахшон мегардад. Зимни сафар ӯ дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ширкат варзида, ҳамчунин бо фаъолон ва аҳолии вилоят вохӯрӣ мегузаронад.
Хамчунин мавриди зикр аст, ки ахиран шаҳри Хоруғ макони баргузориҳои гирдихамойиҳои ғайриқонунии хешу ақрабои маҳкумшудагон гардидааст, ки аз ҳукми додгоҳ норозигӣ баён мекунанд.
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста