Вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озими пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласа рӯзи 13-уми октябр доир гардида, дар он баррасии масоили вазъи мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои иттиҳод, роҳандозии ҳамкориҳои мақомоти вазоратҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти фавриву хидматӣ, ҷараёни амалишавии барномаҳои байнидавлатӣ оид ба мубориза алайхи ҷинояткорӣ, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон дар назар аст.

Ба рӯзномаи ҷаласаи мазкур инчунин масоили таҳкими ҳамкориҳои мутақобила дар бахши мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар кишварҳои узви ИДМ ва тартиби сарфароз гардонидан бо аслиҳаи хоссаи инъомӣ низ ворид шудаанд.

Ғайр аз ин иштирокчиёни ҷаласа атрофи Консепсияи ҳамкории мутақобила дар соҳаи мубориза бо ҷиноёти бахши технологияҳои иттилоотӣ низ табодули афкор хоҳанд кард.

Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ вохӯриҳову гуфтушуниди дуҷониба ва бисёёрҷонибаи вазирони умури дохилии кишварҳои узви ИДМ низ ба нақша гирифта шудааст.