Чанде аз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар семинарии омӯзишӣ дар Чин иштирок мекунанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти агентии мазкур иттилоъ доданд, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо даъвати ҷониби Хитой, 15 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар семинари «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир», ки аз 30-юми октябр то 13-уми ноябри соли 2011 дар шаҳри Урумчӣ баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, курси мазкур аз ҷониби Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶХХ ва Департаменти амнияти ҷамъиятии ноҳияи мухтори Синсзян-Уйғури ҶХХ гузаронида мешавад.