Дар Тоҷикистон нисбат ба 28 нафар сокинони водии Рашт, ки ба шарикиву дастгирӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам дониста мешаванд, ҳукми додгоҳ содир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Додгоҳи олии ҶТ хабар дод, ҳафт нафар аз маҳкумшудагон – Ҳайдар Бобоев, Нозимҷон Баҳодуров, Ҷамшед Носиров, Ҷамшед Раибов, Сунъатулло Шукуров ва Рустам Тоҳирҷонов рӯзи 9-уми ноябр ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Боқимонда ба муддатҳои гуногуни маҳрум шудан аз озодӣ то 30 сол маҳкум гардиданд Миёни онҳо падари яке аз собиқ қумондонҳои саҳроӣ – Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) – Музафар Давлатов ҳузур дорад, ки барои дастгирии ҷангиён ба муддати 7 сол равонаи зиндон гардид.

Аз ин гурӯҳ се нафар барои огоҳ накардан дар бораи содир кардани ҷиноят нисбатан ба ҷазоҳои сабук – аз 2 то 3 сол маҳкум шуданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон маҳкумшадгон то ба ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи додгоҳ дар тавқифгоҳи муваққатии Кумита давлатии амнияти миллӣ қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки 19-уми сентябри соли гузашта дар водии Камароби ноҳияи Рашт бар асари ҳуҷуми мусаллаҳонаи ҷангиён ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 28 нафар сарбозону афсарон ба ҳалокат расиданд.

Ҳукуматдорон тамоми масъулияти ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба дӯши гурӯҳҳои ҷангиёни собиқ қумондонҳои саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик Аловуддин Давлатов (Алӣ Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) вогузор намуданд.

Пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор дар минтақаи шимоли кишвар амалиёти махсуси густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷиҳати аз ҷангиёни мухолиф озод кардани водии Рашт оғоз гардид.