Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев пагоҳ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Алмаато (Қазоқистон) меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷаласа баррасии беш аз 20 масоили марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкории бисёрҷонибаи шариконаи вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ дар назар аст.

«Аз ҷумла, иштирокчиёни ҷаласа аз фаъолияти мақомоти кории Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар соли 2011 натиҷагирӣ намуда, ҳамчунин нақшаи кории шӯро барои соли 2012-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи Русия, дар кори ҷаласаи мазкур иштироки ҳайатҳои мақомоти дахлдори Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина ба нақша гирифта шудааст.