Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ҷониби Норвегия мулоқоти Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Даг Малмер Халворсен доир гардид.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, ҷаноби Ҳалворсен ба вазъи вобаста ба мухаддирот дар Тоҷикистон ва Афғонистон мароқ зоҳир намуд.

Ба иттилои манбаъ, директори Агентӣ Сафири Норвегияро бо вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ шинос намуда, ба пуштибонии Ҳукумати Норвегия аз мубориза бо маводи мухаддир баҳои баланд дод.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ пешниҳодҳо дар заминаи ҳамкориҳо дар доираи САҲА, ҳамчунин самтҳои ҷудогонаи фаъолиятҳо бо Ҳукумати Норвегия ироа шуданд.