Имрӯз дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати кишвари ҳамсоя то рӯзи 11-уми феврал дар пойтахти Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. «Ҷонибҳо ҳамчунин дигар мушкилоти мавҷуда дар марз ва масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро низ баррасӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.

 То имрӯз ҳудуди 50%-и марзи Тоҷикистону Қиргизистон муайян карда шуда, бино ба маълумоти манбаъ, сарфи назар аз мавҷуд будани маҳаллаҳои аҳолинишини қирғиз ва тоҷикнишин дар ҳар ду самт, ҷараёни гуфтушунид оид ба муайян кардани хатти марз бо Қирғизистон муваффақона идома доранд.

Масофаи умумии марзи давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар беш аз 4 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 1 ҳазор километри он марз бо Қирғизистон аст.