Чанде қабл дар шаҳри Вена ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров дар Мулоқоти сеюми сатҳи вазирони корҳои хориҷии ташаббуси Паймони Париж бахшида ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ширкат варзид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни чорабинии номбурда ҳайатҳои 55 кишвар, аз он ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ҳамсояҳои Афғонистон, инчунин намояндагони 23 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҷонибдориашонро ҷиҳати иқдомҳои минбаъда баҳри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва прекурсорҳо аз Афғонистон арзёбӣ карданд.

 Раҳбари ҳайати Тоҷикистон Р. Назаров дар суханрониаш мавқеи Ҳукумати кишварро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ ва зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории самарабахш миёни СММ, Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя иброз дошт. Р. Назаров таваҷҷӯҳи ҳозиринро бори дигар ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳри таъсис додани «ҳалқаи зиддимухаддиротӣ» дар атрофи Афғонистон, таҳияи Барномаи ягонаи мубориза алайҳи маводи мухаддир барои кишвари ҳамсоя таҳти сарпарастии СММ ва барпо кардани Анҷумани сарони кишварҳо ва созмонҳои дахлдор дар давоми соли равон ҷалб кард.

 Дар анҷоми чорабинӣ Эъломия доир ба хулосаҳо ва иқдомҳои минбаъдаи муштараки кишварҳои минтақа ва СММ дар ин росто қабул гардид. Дар Эъломия ба таври вежа даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирӣ ва расонидани кӯмаки амалӣ ба Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои он ҷиҳати пурзӯр кардани фаъолият дар самти рафъи қочоқи маводи мухаддир ба амал оварда шудааст.