Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт конфронси дурӯза оид ба масоили ҳамкории фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо созмон дода шудааст, ба кор шурӯъ кард.

Ба конфронс Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, намояндагони ҳукумати Ҷопон ва сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр ва ҳамчунин дигар намояндагони мақомоти тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон иштирок мекунанд.

Масоили таъмини амният дар марзҳо, коҳиши қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин рушди тиҷорату беҳбуди тартиботи гумрукӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии конфронс мебошанд.