Сафири ИМА Кен Гросс аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ба арзиши зиёда аз 480 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот тақдим намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими тақдими таҷҳизот сардори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, генерал Рустам Назаров иштирок кард. Таҷҳизоти мазкур васоити нақлиёт, василаи алоқавӣ, компютерҳо, дастгоҳҳои аккосӣ ва лавозимоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Ин лавозимот дар якҷоягӣ бо барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои ҷониби  Агентии назорати риояи қонунҳо оид ба маводи мухаддир (DEA) ва Шӯъбаи сафорат оид ба назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL), имкониятҳои кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон беҳтар мегардонад.

Сафири ИМА Кен Гросс иброз дошт: «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон қувваи касбӣ ва бонуфузест, ки омодагии хешро ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти ҷиддӣ бо мақсади густариш додани имкониятҳои худ, иброз намудааст. Бароям боиси ифтихор аст, ки имконият дорам, то ба онҳо кӯмак расонам».

Инчунин қайд намуд, ки ин таҷҳизот кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ беҳтар намуда,  бехатарии кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро таъмин менамояд.

Хайрияи мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пешкаш гардидааст.