Генерал Вилям Фрейзер III, Фармондеҳи қушунҳои нақлиётии ИМА (USTRANSCOM) аз дидбонгоҳи сарҳадии "Панҷи поён" дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон боздид намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, фармондеҳии қушунҳои нақлиётии ИМА масъулияти қонеъгардонии тамоми талаботи нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро ба дӯш дорад.

Дар Панҷи поён генерал Фрейзер бо Сардори Раёсати қушунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо мулоқот доир намуд ва аз дидбонгоҳи сарҳадии "Панҷи поён", ки бунёдаш аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шудааст, боздид кард. Генерал Фрейзер шахсан ба генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста аз ҷониби Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Айни ҳол сафари Генерал Фрейзер ба якчанд давлати Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома меёбад.