Имрӯз марзбонони тоҷик 18-умин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии ҷумҳуриро ҷашн мегиранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар доданд, ба ин муносибат маҷлиси ботантана доир гардида, афсарони муваафақ дар фаъолияи марзбонӣ бо нишонаҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Шоми имрӯз дар театри ба номи Лоҳутии пойтахт ба ифтихори ин сана консерти идона баргузор мешавад.

Ба иттилои хадамоти матбуот, фаъолияти низомиву хидматии марзбонони тоҷик пеш аз ҳама баҳри мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва қочоқи маводи нашъаовар, пешгирии аз ҷиҳати иқтисодӣ заъиф гардидани кишвар, роҳ надодан ба дуздии мероси фарҳангӣ ва захираҳои табиии ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Айни замон сарҳади Тоҷикистон дар маҷмӯъ 4,5 ҳазор километрро ташкил дода, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон (1 ҳазору 344 км) минтақаи душворртарини он арзёбӣ мешавад.