Имрӯз дар машқгоҳи Чоруқдаррони минтақаи шимоли кишвар марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» оғоз мегардад.

Субҳи имрӯз дар машқгоҳ воҳидҳои гурӯҳи муттаҳидаи низомӣ баҳри анҷом додани амалиёт ҷамъ омаданд. Тибқи фарзияи тамринҳо, низомиён бояд гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро нобуд сохта, бо назардошти нақши сохторҳои қудратии созмони низомии кишварҳо тамомияти қаламрави давлатро барқарор созанд.

Тамринҳои низомии мазкур санаи 7-уми июн оғоз гардида, дар он беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.

Дар марҳилаи ниҳоии ин тамринҳои низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ, намояндагони воҳидҳои низомии давлатҳои созмон ва сохторҳои шаҳрвандии кишварҳои хориҷи дур ва наздик ҳузур хоҳанд дошт.