Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки бори дигар узвияти кишвар ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро боздорад, - иттилоъ медиҳанд хабаргузорҳои РИА Новости ва «Интерфакс» бо такя ба сарчашмаҳои дипломатӣ дар Маскав.

Бино ба маълумоти хабаргузориҳо, чанд рӯз қабл Ӯзбекистон дар ин хусус ба унвони котиботи СААД нотаи дахлдор ирсол намудааст. Сабабҳое, ки ҳукуматдорони ин кишварро ба чунин тасмимгирӣ водор сохтааст, то ҳол номаълуманд.

Ёдрас мекунем, ки солҳои пешин (ахири солҳои 1990 ва то нимаи солҳои 2000) низ узвияти Ӯзбекистон ба СААД мутаваққиф шуда буд.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ (СААД) ҳамчун иттиҳоди низомиву сиёсӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис дода шуд. Дар таърихи 2-юми декабри соли 2004 Маҷмаъи кулли СММ дар бораи ба СААД додани мақоми нозир дар Маҷмаъи кулли СММ қатънома қабул кард.

Дар Созишнома пешбинӣ мешавад, ки ҳар як кишвари узви СААД ҳуқуқ дорад дар ҳама гуна вақт аз ҳайати созмон хориҷ шавад.

Айни замон кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СААД мебошанд.

Соли 1999, ҳангоми имзои тамдиди шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ, Ӯзбекистон ба он имзо нагузошт, аммо соли 2006 ҳукуматдорони ин кишвар тасмим гирифтанд, ки узвият дар созмонро барқарор намоянд. Дар ин бора моҳи декабри соли 2006 аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов қонуни дахлдор ба имзо расида, соли 2008 онро парлумони Ӯзбекистон тасдиқ намуд.

Ба узвияти СААД баргаштани Ӯзбекистон пас аз ба сардӣ гароидани муносибатҳои Ӯзбекистон бо кишварҳои ғарбӣ, ки бераҳмона саркӯб шудани тазоҳургарон дар Андиҷонро маҳкум карданд, ба вуқӯъ пайваст.

Қобили зикр аст, ки соли 2008 Ӯзбекистон узвият дар СААД-ро тасдиқ намуда, ҳамзамон узвият дар созмони дигари қаламрави пасошӯравӣ – Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС)-ро мутаваққиф сохт. Он замон Ислом Каримов изҳор дошта буд, ки фаъолияти ин иттиҳод такрори сохторҳои дигари ҳамгиройии кишварҳои пасошӯравӣ аст.

Як манбаъи дипломатии хабаргузории «Интерфакс» дар робита ба ин тасмими Тошканд гуфтааст, ахиран Ӯзбекистон аз иштирок дар чорабиниҳои СААД даст мекашид.