Имрӯз дар машқгоҳи «Тем» воқеъ дар наздикии маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ тамринҳои мукаммали низомии фавриву тактикии «Ҳифз-2012» ба анҷом мерасанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар марҳилаи ниҳоии тамринҳо вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва роҳбарони як қатор мақомоти қудратӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳо рӯзи 3-юми июл шурӯъ шуда, дар он ҷузъу томҳои низомии гарнизони Хоруғ, воҳидҳои сохторҳои қудратии мустақар дар ВМКБ ва ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд.

«Дар тамринҳо нерӯҳои ҳавоӣ, бронетехника ва аслиҳаву муҳимоти оташфишон ҷалб гардида, ба он муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ, сардори ситоди кулли Вазорати мудофиа генерал-лейтенант Рамил Нодиров фармондеҳӣ мекунад», - гуфт ӯ.

Ф.Маҳмадалиев таъкид кард, ки дар тамринҳо ташкили фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ дар баргузории амалиётҳои низомӣ дар шароити баландкӯҳ мавриди омӯзишу амал қарор гирифта, ҳамчунин қобилияту малакаҳои сарбозону афсарони гарнизони Хоруғ санҷида шуданд.