Вазорати мудофиаи Тоҷикистон овозаҳои ба шаҳри Хоруғ ворид кардани нерӯҳои иловагӣ дар робита ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал-майор Абдулло Назаровро рад месозад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Фаридун Маҳмадалиев изҳор кард, ки ба тафтишоти ин қазия мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғуланд ва барои ворид кардани нерӯҳои иловагӣ ба қаламрави ВМКБ зарурате нест.

«Ҷузъу томҳои гарнизони Хоруғ бо реҷаи муқаррарӣ ба адои хизмат машғуланд. Тафтишоти парвандаҳои ҷиноӣ дар салоҳияти на Қувваҳои Мусаллаҳ, балки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст», - таъкид кард Маҳмадалиев.

Дар ҳамин ҳол, аз Маркази робита бо КДАМ-и ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дирӯз дар зодгоҳи генерал-майор Абдулло Назаров - ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон маросими ҷаноза ва бо хок супурдани ӯ баргузор шудааст.

Тибқи маълумоти КДАМ, тафтиши парвандаи мазкурро Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Ёдрас мекунем, ки зимни бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим автомашинаи генерал А.Назаровро шахсони номаълум боздошт намуда, ӯро аз мошин берун меоранд ва бо корд якчанд зарбаҳои марговар мезананд.

«Тибқи фарзияи тафтишот, ба қатли генерал-майор А.Назаров ашхоси машғул ба қочоқи маснуоти тамоку даст доранд», - хабар дода буданд аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ.

То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси КДАМ фаъолият намуда, қаблан роҳбарии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт.

Моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон генерал-майор А.Назаровро дар паноҳгоҳ додан ба хешовандону наздикони собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев муттаҳам карда буданд. Он замон ӯ тамоми иттиҳомотро рад намуда, изҳор дошта буд, ки он ба муташанниҷ сохтани вазъ дар Тоҷикистон равона шудааст.