Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот собиқ намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел, ки ваколатҳои хизматиаш ба анҷом расиданд, ҳамчунин дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои асосии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкориҳо дар масъалаҳои вобаста ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои минбаъдаи зиддимухаддиротӣ дар минтақа, бозомӯзии кормандон, ҳамчунин масъалаи дурнамои рушди вазъи вобаста ба маводи мухаддир баъди соли 2014, ки баровардани нерӯҳои асосии байналмилалӣ аз Афғонистон ба итмом мерасад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Агентӣ дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, муфассал нақл карда, меҳмонҳоро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд.

Хонум Патрисия Флор ба масъалаҳои муҳокимагардида таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, изҳор кард, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ки ҳиссаи ҷаноби Пйер Морел хеле арзанда мебошад, баҳои баланд доданд ва изҳори умед карданд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт.