Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабари ҳалокати Сабзалӣ Мамадризоев – узви Раёсати Олии ҲНИТ ва раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонрорасман таъйид кард.

Тавре дар сомонаи расмии ҲНИТ хабар дода мешавад, бегоҳии рӯзи 28.07.2012 соати 19:10 бо яке аз аъзои ҲНИТ, ки дар ш. Хоруғ зиндагӣ мекунад, тамоси телефонӣ барқарор гашта, номбурда хабари шаҳодати Сабзалӣ Мамадризоевро тасдиқ кардаст.

Мувофиқи гузориши манбаъ, Сабзалӣ Мамадризоев рӯзи 23.07.2012 дар гирдиҳамоии мардумӣ дар маркази ш. Хоруғ ширкат дошт ва дар он суханронӣ намуда, дар робита ба вазъи ногувори иқтисодӣ - иҷтимоъии аҳолии ВМКБ изҳори назар кардааст. Пас аз ин гирдиҳамоӣ Сабзалӣ Мамадризоев аз тарафи мақомоти интизомӣ боздошт ва ба қароргоҳи мавсум ба «Қалъа» бурда шудааст. Номбурда онҷо мавриди лату кӯб қарор гирифта, баъдан тариқи парронидан аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шудаааст. Пас аз ду рӯзи ҳодиса, яъне рӯзи 26.07.2012 ҷасади ӯ аз тарафи пайвандонаш дарёфт ва ба хок супорида шуд.

Гуфта мешавад, Сабзалӣ Мамадризоев ҳеҷ гоҳ силоҳ надошт, шомили ягон гурӯҳ набуд ва танҳо ширкат дар гирдиҳамоии мардумӣ ва суханронӣ дар он сабаби асосии ба қатл расидани ӯст.

Сабзалӣ Мамадризоев соли 1980 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Солҳои 2005 – 2011 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар риштаи таърих ва ҳуқуқ таҳсил кардааст. Аз соли 2011 раиси шӯъбаи ҲНИТ дар ВМКБ ва узви РО ҲНИТ буд.