Прокуратураи генералии Тоҷикистон як изҳороте интишор намуд, ки дар он пешвоёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он ба куштор, қочоқи маводи мухаддир ва рабудани одамон муттаҳам карда мешаванд.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он як гурӯҳ шахсони ҷиноятпеша, аз ҷумла Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Имомназаров Имомназар, Аёмбеков Толиббек, Маҳмадсалимов Ёдгор бо балегӯю ҳамфикрони худ тӯли якчанд соли охир ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз қабили одамкушӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқ ва хариду фурӯши одамон даст зада, бо ноором сохтани вазъият фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро халалдор месохтанд.

«Барои дар фазои ором нигоҳ доштани вазъи сиёсию иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз истифодаи қувва худдорӣ намуда, ба шахсони номбурда чандин маротиба маслиҳат доданд, ки худ ва аъзоёни дастаҳояшон аз амалҳои ғайриқонунӣ даст кашида, зиндагии осударо пеш гиранд. Аммо онҳо ба кирдорҳои ғайриқонунии худ идома дода, аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпешаи худро бо ҳама гуна роҳу восита ҳимоя намуда, амалҳои нопоки онҳоро рӯпӯш мекарданд», - омадааст дар изҳорот.

Тибқи маълумоти расмии омории ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду соли охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он чор ҳодисаи бедарак ғайб задани духтарони ҷавон ва ноболиғ ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳодисаҳо то ба имрӯз ягонтоаш ошкор ва ҷои будубоши се нафари онҳо бошад, умуман муайян карда нашудааст.

«Шаби 26 январи соли 2011 аз манзили истиқоматиаш воқеъ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Хоруғ ноболиғ, хонандаи мактаби миёна, Нигора Ҳушангова бедарак ғайб задааст, - баён мегардад дар изҳорот. - Дар асоси аризаи модари ноболиғ Ҳушангова Н.Р. дар ШКД-и шаҳри Хоруғ оид ба ҳолати бедарак ғайб задани номбурда парвандаи ҷустуҷӯӣ огоз гардида бошад ҳам, вале кофтукови вай ягон натиҷа надодааст ва гумон меравад, ки Нигораи ноболиғ дучори амалҳои ҷинояткоронаи яке аз гурӯҳҳои дар боло қайдгардида гаштааст».

Гуфта мешавад, ҳамчунин 28 январи соли 2011 сокини дигари шаҳри Хоруғ, хонандаи мактаби миёна, ноболиғ Алфия Моҳирова аз хонаи модаркалонаш, ки дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шуғнон воқеъ аст, ба хонаашон баргашта истода, дар роҳ ба автомашинаи тамғаи «АУДИ» дучор мешавад, ки ду ҷавони савори ин автомашина ӯро бо истифодаи зӯрӣ ба автомашина шинонда, ба маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, ба манзили истиқоматии воқеъ дар яке аз кӯчаҳои шаҳр бурда, яке аз онҳо ӯро ба чархи автомашина баста, баъдан ба истеъмоли маводи нашъадор маҷбур кардааст.

«Сипас, дар назди Моҳирова А.С. онҳо маводи сахтаъсири героинро истеъмол намуда, афту андоми Алфияи ноболиғро ба тартиб дароварда, якчанд маротиба ба воситаи телефони мобилӣ ӯро расм гирифтаанд, - омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ. - Рузи дигар, 29 январи соли 2011 тахминан соати 14-00 онхо Алфияи ноболиғро ба автомашина савор карда, бо мақсади интиқол додан ба Ҷумҳурии Исломиии Афғонистон раҳсипор шудаанд, ки дар роҳ автомашина ба садама дучор гардида, нуқсони техникӣ гирифтааст ва Алфия аз ин фурсати муносиб истифода бурда, аз дасти онҳо фирор мекунад. Баъдан ӯ ҳамроҳи модараш ба шаҳри Хоруғ омада, оид ба ин ҳодиса ва нафарони ӯро рабуда ба ШКД-и шаҳри Хоруғ хабар додааст».

Дар изҳороти Прокуратураи генералӣ ҳамчунин зикр мегардад, ки ба ҳамин монанд, Шоҳида Шоинова, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Дарвоз ва Аҳдия Носирова, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Шуғнон, моҳи августи соли 2011 бедарак ғайб задаанд, ки то ҳол ҷои буду боши онҳо маълум нест.

Дар идома Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки санаи 9-уми ноябри соли 2011 аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Ёдгор Маҳмадасламов – Карим, Парвиз, Хушдил ва дар маҷмӯъ 10-15 нафар шаҳрванд М.Ч.-ро аз меҳмонхонаи шаҳри Хоруғ ба гарав гирифта, барои озодии ӯ аз наздиконаш 35 ҳазор доллари ИМА маблағ талаб мекунанд. «Аммо 30-юми ноябри соли 2011 ба туфайли дахолати Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ ӯ озод карда мешавад, - баён мегардад дар изҳорот. – Дар робита ба ин далел санаи 7-уми августи соли 2012 аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ нисбат ба Ёдгор Маҳмадасламов ва аъзои дигари гурӯҳ мутобиқи моддаи 181, қисми 3, банди «а»-и КҶ ҶТ («Ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон тафтишоти он идома дорад».