Садҳо нафар тоҷирони бозори «Корвон» ки бар асари сӯхтор амволи худро аз даст додаанд, пиёда ба маркази шаҳр раҳсипор мешаванд.

Тибқи баъзе маълумот, онҳо ба назди бинои маъмурияти сарвари давлат ё мақомоти шаҳрдории Душанбе раҳсипор шудаанд. Издиҳомро кормандони милиса ва намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияти рӯзноманигорон монеъа эҷод месозанд. Шаҳодатномаи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гирифта шуда, ҳамчунин дастгоҳи аксбардориашро низ гирифтанӣ шудаанд.

Роҳи мошингард баста шуд, зеро мардум тавассути он ҳаракат доранд. Издиҳом дар назди бинои «Тоҷиктекстил» мутаваққиф шуда, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Ӯбайдуллоев барои вохӯрӣ ба назди онҳо омадааст.