Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман тасдиқ менамояд, ки дар Қирғизистон собиқ кормандони Шуъбаи вазорат дар ноҳияи Мурғоб Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, «Асалбек Боронов ва Маҳкам Лашкаров бинобар сабаби  бо гурӯҳҳои ҷиноятии дар шаҳри Хоруғ буда, алоқамандӣ доштан, ҳанӯз чанд муддат пештар, яъне 20-уми октябр аз мақомоти корҳои дохилӣ озод гардида буданд».

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари хизматӣ ба ВМКБ ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов бо ҳайати шахсии вазорат дар вилоят ҷаласа баргузор карда, ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ, капитани милиса Асалбек Боронбоев ва сарваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ подполковники милитсия Маҳкам Лашкаровро аз вазифаҳояшон дар мақомоти корҳои дохилӣ озод кард.

Инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ  зоҳир намудан ба масъулияти базиммадошта,  7 нафар кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбати 5 нафари дигар танбеҳ эълон карда шуд.

ОИ «24.kg» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон хабар дода буд, ки дар яке аз посгоҳҳои ин кишвар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафар кормандони мақомоти кофтукови ҷиноии Тоҷикистонро боздошт намуда, аз автомашинаи онҳо 6 кило маводи мухаддири героин дарёфт намудаанд. Баъдтар маълум шудааст, ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кормандони амалкунандаи кофтукови ҷиноии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоби ВМКБ будаанд.