Дар қисмҳои  низомии 35-02 ва 65-92-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар маросими савгандёдкунии мазкур ҳамчунин падару модарони сарбозон ширкат варзида, зимни суханронӣ дар он Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Неъматулло Курбонов зикр кард, ки пояи асосии амнияти кишвар ин насли имрӯза, ҷавонони бонангу ори тоҷик мебошанд. 

Дар  маъракаи навбатӣ 150-нафар наваскарон ботантана касам ёд карда, ҷонфидо будани худро барои оромиву осудагии халқу кишвар   иброз доштанд.

Тибқи маълумоти ВКД ҶТ, ҳамасола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ин раёсат беш аз 1,5 ҳазор сарбозон даъват карда мешаванд.