Чор нафар пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Ёдгоршо Мамадасламов ва ҳатто марҳум Имомназар Имомназаров ба пойгоҳи афроди мавриди пайгард қарордоштаи Интерпол шомил буда, аксҳои онҳо дар сомонаи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ гузошта шудааст.

Дар сомонаи мазкур зикр мегардад, ки онҳо барои содир намудани ҷиноёти зарар ба саломативу ҳаёт, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, истисмори шаҳвонӣ, дуздӣ ва дигар ҷиноёти вазнин мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта, аммо аз кадом сана эълон шудани ҷустуҷӯи онҳо баён нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, айни замон Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков ва Ёдгоршо Мамадасламов таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист дар шаҳри Хоруғ қарор дошта, ҷое нарафтаанд.

Гузашта аз ин, яке аз пешвоёни мавриди пайгарди қонунӣ эълоншуда – Имомназар Имомназаров рӯзи 22-юми август бар асари таркиш дар манзили зисташ ба ҳалокат расид.

Ҳамин тариқ, суоле ба миён меояд, ки агар ин шахсон қаламрави ҷумҳуриро тарк накарда буданду муддати тамоми ин вақт дар кишвар қарор доштанд, пас чаро онҳо таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шуданд? Ғайр аз ин, агар онҳо соли гузашта то рӯйдодҳои ахир дар Хоруғ мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буданд, пас чаро Толиб Айёмбеков, ки то моҳи июл дар яке аз мансабҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон фаъолият мекард, низ ба ин рӯйхат шомил аст?

Ба ҳамаи ин суолҳо ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ посух биҷӯяд, вале алҳол ба ин муваффақ нагардид.

Ёдрас мекунем, ки чор нафар пешвоёни дар боло зикршудаи Бадахшонро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба қочоқи маводи мухаддиру сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, ба гаравгон гирифтан ва саркашӣ аз баргардонидани бонкҳои қарзӣ муттаҳам карда буд.