Убайдулло Ғафуров, собиқ муҳофизи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз Русия ба Тоҷикистон истирдод гардид. Наздикони Ғафуров мегӯянд, ӯ ҳанӯз аввали моҳи ноябр ба Тоҷикистон оварда шудааст, вале аз макони будубоши кунунии ӯ онҳо огаҳ нестанд.

Убайдулло Ғафуров узви собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буда, пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ тариқи квотаи 30 фоиза ба сафи кормандони давлатӣ шомил шуд. То соли 1998 ӯ дар Кумитаи амният фаъолият дошт. То соли 2001 ӯ ҳамчун муҳофизи яке аз рӯҳониёни маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маҳсуб меёфт

Пас аз амалиёти махсуси моҳи майи соли 2001 оид ба нобуд кардани гурӯҳи ҷиноятпешаи Раҳмон Сангов (Раҳмон Гитлер) тамоми аъзои гурӯҳи Абдулвосит Латифов (Қорӣ Восит) қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд, ки миёни онҳо Убайдулло Ғафуров низ ҳузур дошт.

Дар Тоҷикистон гурӯҳи Абдулвосит Латифов дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили куштор, роҳзанӣ, одамдуздӣ гумонбар дониста мешавад. Тибқи баъзе маълумот, аъзои дастаи Қорӣ Восит ба даст доштан дар 25 амали террористӣ ва марги беш аз 40 нафар муттаҳам дониста мешаванд. Қобил ба ёдоварист, ки мақомот қатли собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, марги 19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро дар солҳои 90 –ум кори дасти гурӯҳи Қорӣ Восит арзёбӣ намуда буданд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, А.Латифов низ муҳофизи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода будааст, вале худи Тӯраҷонзода инро рад мекунад.

Айни замон дар Тоҷикистон қарор доштани У.Ғафуровро танҳо хешовандонаш тасдиқ мекунанд. Мақомоти интизомии ҷумҳурӣ ин хабарро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд.