Кормандони мақомоти интизомии кишвар аз интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷилавгирӣ карданд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи двлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, муддати чор рӯзи ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 2 ва дар пойтахт 1 амалиёти махсус анҷом дода шуда, дар натиҷа 226 кило маводи мухаддир мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 10-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо мақсади барбод додани кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути марзи давлатӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон амалиёти махсус сурат гирифта, қочоқбарони афғон ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва сарҳадбонон муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ якчанд қочоқчӣ захмдор гардида, ноилоҷ ба самти Афғонистон фирор карданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори махсусан калон - 176 килограмм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин 1 адад милтиқи шикории истеҳсоли хориҷии қутраш 12 миллиметра, ки ба қочоқчиёни захмбардошта тааллуқ дошт, дарёфт шуд.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз дар натиҷаи боз як амалиёт дар ноҳияи Қумсангир шаҳрванди Афғонистон, узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткор Шамсиддин валади Холмуроди 21-сола бо 9, 5 кило маводи мухаддири афюн боздошт шудааст.

Амалиёти сеюм дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир се нафар шаҳрвандони ҶТ – Икромиддин Худойназаров, Хуршед Расулов ва Карим Каримов боздошт ва аз онҳо ба миқдори 40 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи далелҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози сол кормандони мақомоти интизомӣ дар ҳамдастӣ бо марзбонон 3 тоннаву 180 кило маводи мухаддиро мусодира карданд.