Чанде қабл дар доираи амалисозии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи байнулмилалии корӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар кори ҷаласа директори Агентӣ, ҳамоҳангсозони барномавӣ ва лоиҳавии Раёсати зикршудаи СММ, кормандони масъули сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳбарони хадамоти Агентӣ ширкат варзиданд.

«Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои тадбирҳои марбут ба пардохти бурсҳо ба Агентӣ дар моҳҳои июл-декабри соли 2012 баррасӣ шуда, нақшаи маблағгузории лоиҳаи мазкур барои давраи моҳҳои январ-июни соли 2013 таҳия гардид. Дар ин робита иштирокдорони ҷаласа зикр карданд, ки дар масоили назорати маводи мухаддир аз ҷониби Агентӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, ҳамкориҳо дар сатҳи милливу байнулмилалӣ таҳким меёбанд», - гуфтанд дар АНМН.

Бино ба маълумоти Агентӣ, истифодаи ҳадафнок ва оқилонаи воситаҳои пулии ҳам аз буҷети давлатӣ ва ҳам мададрасонони лоиҳа барои рушди АНМН ҷудошуда яке аз вазифаҳои Гурӯҳи байнулмилалии корӣ ба шумор меравад.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби Гурӯҳи байнулмилалии корӣ афзоиши ҳаҷми маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ ба АНМН мусбат арзёбӣ шуд.