Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ҷаласаи навбати Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии суистифода аз маводи мухаддир баргузор гардид, ки натиҷаҳои амалии татбиқи «Барномаи ягонаи пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои давлатии дахлдор, аз ҷумлаи кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Агентии давлатии омор, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, рушди иқтисодӣ ва саноат, ҳамчунин прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук, Кумитаи амнияти миллӣ, телевизион ва радиошунавонӣ, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кор бо занон ва оила иштирок намуданд.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, ҷаласаро ҷонишини директори Агентӣ  Бунафша Одинаева ифтитоҳ намуда, ба муҳим будани натиҷаҳои татбиқи  барномаи давлатӣ ишора кард ва аз ҷумла қайд намуд, ки дар партави коркарди барномаҳои зиддимухаддиротии давлатӣ Лоиҳаи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар солҳои 2013-2020 пешниҳод шудааст.

Номбурда изҳор намуд, ки дар ҷараёни амалисозии барнома мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 24 тоннаву 374 кило маводи мухаддир мусодира намуданд, ки  4 тоннаву 745 килои онро героин, 4 тоннаву 664 кило афюн ва 14 тоннаву 926 кило мухаддироти мансуб ба гуруҳи бангдона ташкил медиҳад.

Дар нишаст аз сатҳи гирифторӣ ба нашъамандӣ низ сухан рафт ва гуфта шуд, ки то аввали моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон  7245 нафар чун бемори нашъаманд расман сабти ном шуда буданд, ки дар қиёс ба соли 2008 1400 нафар камтар аст. Аз ин шумор 225 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Таблиғоти зиддинашъамандӣ ва тарзи зиндагонии солим аз бахши муҳими Барнома ба ҳисоб мерафт. Дар ин самт ба ҷуз он ки ҳудудан 400 мизи гирд ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шудааст, боз барои хонандагон  дастури методии “Тарзи ҳаёти солим”низ чоп шудааст, ки барои омӯзгорон ва толибилмони синфҳои 7-9 тақсим гардида, аз рӯи он дар дарсҳои биология соатҳои иовагии таълимӣ ҷудо карда шудааст.

Зарфи панҷ соли сипаришуда дар доираи барнома аз тариқи ВАО 5400 маврид баромаду суханрониҳо, хабару лавҳаву очеркҳо ва гузоришиҳо дар мавзуъи нашъамандӣ ва пешгирии он шунавонидаву интишор дода шудааст. Дар миёни мардум 463 чорбинии оммавӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ гузаронида шудааст.