Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи боздошти Атобек Гулмамадов дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) хабар дод, ки яке аз роҳбарони гурӯҳи бузурги байнулмилалии қочоқбарони нашъа ба шумор меравад.

Бино ба иттилои хадамоти мазкур, дар амалиёти боздошти Гулмамадов ба ҷуз мақомоти интизомии Русия, кормандони Интерпол, ВКД АМА, Агентии мубориза бо маводди мухаддири ИМА, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва ВКД Белорус низ саҳм гузоштаанд. Айни замон масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Русия мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Гулмамадов шаҳрвандии ду давлат – Тоҷикистону Русияро доро буда, шиносномаи Русияро бо тартиби содашуда дастрас намудааст. Ғайр аз ин, ӯ якчанд шиносномаи сохта бо ному насабҳои гуногунро ҳам дар ихтиёр дорад.

Тибқи фарзияи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия, Гулмамадов шахсан роҳбарии интиқоли 400 кило аз 900 кило героинро, ки чанде қабл зимни амалиёти бузургмиқёс мусодира шуданд, ба уҳда доштааст. Соли 2012 ӯ ҷиҳати гуфтушунид оид ба интиқол ду маротиба пинҳонӣ ба Русия сафар кардааст. Қабл аз пайгирии гумонбари асосӣ, мақомоти Русия 15 нафар ҳаммаслакони ӯро дастгир кардаанд.

Моҳи ноябри соли 2012 Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи итмоми амалиёти «Картель» хабар дод, ки муддати чор сол давом кард. Зимни амалиёти мазкур 25 нафар қочоқбарони нашъа дастгир ё нобуд шуда, 750 кило маводи мухаддир (аз ҷумла 175 кило дар марҳилаи хотимавии амалиёт дар шаҳри Набережные Челны) мусодира гардид. Моҳи декабр оғози амалиёти нав эълон гардида, зимни он дар вилояти Кемерово ва Қазоқистон 250 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд.