Як ҳайати низомии Русия таҳти роҳбарии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов пагоҳ, 14-уми март ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, сафари дурӯзаи ҳайати низомии Русия ба баррасии масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву техникии ҷонибҳо марбут аст.
Аз мулоқотҳои В.Герасимов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллов ва сардори Ситоди кулли Қуввваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-лейтенант Рамил Нодиров интизорӣ меравад. Дар вохӯриҳо баррасии маҷмӯи масоили гуногун дар доираи ҳамкориҳои низомии кишварҳо дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.
Ёдрас мекунем, ки сафари ба 18-уми феврали соли равон таъиншудаи В.Герасимов бо ташаббуси ҷониби Русия ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда буд.
Моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири нави мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста