Имрӯз вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳадаф аз вохӯрии мазкур баррасии лоиҳаи «Барнома оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ байни Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2013» буд.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ сафири Чин намояндаи расмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин Бян Юйтсзеро муаррифӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия ҷаноби Бян Юйтсзеро бо таъин гардиданаш ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуда, изҳор намуд, ки дар оянда ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам самаранок ва қавитар мегардад.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷонибаро дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, инчунин таҳдиду хатарҳое, ки эҳтимол аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон ба миён оянд, баррасӣ намуданд.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста