Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо таҳлилгари калони байналмилалии котиботи кабинети ҳукумати Канада доктор Хэлэн Белопольский ва мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Кэтрин Ивкофф баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ Р.Назаров дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми ҳукумат дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ташкили ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкасбон аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Директор оид ба фаъолияти АНМН дар самти назорати маводи мухаддир, инчунин дар бораи дастовардҳо ва дурнамои инкишофи Агентӣ, дар бораи вазъи минтақа баъди баровардани нерӯҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014, инчунин оид ба гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию пешгирикунандаи зиддимухаддиротии Агентӣ ва мақомоти дахлдори Афғонистон дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ба меҳмонон маълумот дод. Директор ҳамзамон ба саволҳои меҳмонон ҷавоб гардонид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар кори мустаҳкам кардани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва сӯйистеъмоли мухаддирот изҳори ақида карданд.