Бисту панҷ нафар кормандони сатҳи баланд ва миёна, ки аз намояндагони маъмурии маҳаллӣ, ҷамоатҳо, кормандони қудратӣ, мутахассисони вилояти сарҳадии Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд, дар семинари дурӯзаи «Қисматҳои гендерии амният. Нақш ва ваколати мақомоти ҷамъиятӣ ва худидоракунӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ тибқи талаботи давлат» ширкат варзиданд.

Семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ Иттиҳоди Аврупо) дар ҳамкорӣ бо БРСММ-и Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шудааст.

Тавре Сӯҳроб Қаҳҳоров, менеҷери Барномаи БОМКА дар ҶТ хабар дод, ду тренер ба марзбонон, кормандони қудратӣ ва ҳукумати маҳаллӣ иттилооти аввалиндараҷа ва мукаммалро оиди мавзӯъҳои гендерӣ пешниҳод намуданд. Дар ҷараёни семинари мазкур иштирокчиёни семинар бо мафҳумҳои асосии сиёсати гендерӣ, муқаррароти асосии қонунгузории миллӣ ва байналмилаллӣ дар самти гендерӣ ва масъулияти кормандони марзӣ ва ҳукумати маҳаллӣ дар иҷроиши сиёсати мазкур ошно гардиданд.

Омӯзгорон ҳамчунин мавзӯи ҳалли дурусти мушкилоти гендериро, ки ба рушди иқтисодии минтақаҳои фаромарзӣ оварда мерасонад, баррасӣ намуданд.

Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мешаванд (МБСРМ).