Пагоҳ, 2-юми июл дар қаламрави ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон тамринҳои якрӯзаи муштараки низомиву тактикии сарбозону афсарони нерӯҳои марзбонӣ, Вазорати мудофиа, ВКД ва кормандони шуъбаҳои ноҳиявии КДАМ дар вилояти Хатлон доир мегарданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, ба тамринҳо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо роҳбарӣ намуда, дар ҷараёни он аз техникаи зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳо ва аслиҳаи оташфишон истифода хоҳад шуд.

«Ҳадаф аз баргузории тамрин санҷиши малакаи марзбонон ҳангоми ҳамкории мутақобила бо дигар сохторҳои қудратӣ дар мавриди истодагарӣ ва пас гардонидани ҳамлаи ногаҳонии душман аст», - зикр кард Раҳматуллоев.