Ба муносибати 85-умин солгарди таъсиси дастаи марзбонии ноҳияи Панҷ Иттиҳоди собиқадорон-интернатсионалистони Тоҷикистон чорабиниҳо доир намуда, як қатор аксияҳои дорои хусусияти ҳарбиву ватандӯстӣ ва варзишӣ баргузор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди собиқадорон-интернатсионалистони Тоҷикистон Шавкат Мирзоев хабар дод, дар вохӯриҳо бо ҷавонон собиқадорон дар бораи таҷрибаи ҷангӣ, вижагиҳои хизмати марзбонӣ ҳикоят карда, аз ҳамсафон, марзбонони шуҷоъи ҳалокшуда ёдоварӣ намуданд.

Ба гуфтаи ӯ, «аксари собиқадорон-интернатсионалистон то ҳанӯз дар дастаи марзбонии маъруфи Панҷ ва нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хизмати ҳарбиро идома дода, таърихи дастаро ҳамзамон бо таърихи давлат, аз замони барқарор шудани ҳокимити шӯравӣ дар Осиёи Миёна, мубориза бо босмачигарӣ ва ғайра меомӯзанд».

«Аллакай дар солҳои 80-ум қариб муддати 10 сол дастаи марзбонии Панҷ сарҳадро якбора аз ду ҷониб – дар қаламрави Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимоя мекард. Ин ба солҳои ба истилоҳ кӯмаки интернатсионалистӣ ба халқи дӯсту бародар рост омада буд», - хотирррасон намуд Ш.Мирзоев.