Хадамоти зиддимухаддиротии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи таҳкими ҳамкориҳои сеҷониба Эъломияии муштарак ба имзо расониданд. Санад дар Бишкек ба имзо расида, барои танзими минбаъдаи фаъолияти зиддимухаддиротии ҷонибҳо, табодули маълумот ва баргузор кардани амалиётҳои муштарак дар ин самт пешбинӣ шудааст.

«Дар мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили фаромиллии машғул бо қочоқи маводи мухаддир бо кӯшиши танҳо як кишвар ба комёбии назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст», - изҳор намудааст дар Бишкек директори АНМН назди президенти ҶТ Рустам Назаров.

Номбурда зикр кардааст, ки шарти муҳими муборизаи пурсамар бо муомилоти маводи мухаддир бунёди низоми серсоҳаи ҳамкории байнулмилалӣ мебошад.

«Мо ба рушду таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси тамоми кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қирғизистону Афғонистон таваҷҷуҳи хосса дорем. Ғайр аз ин, амалисозии «Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар мубориза бо маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавор барои солҳои 2011-2014» гувоҳи ин гуфтаҳост», - афзудааст Р.Назаров.