Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шумори ҷиноёти сабтшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуд.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят 3315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 353 ҳолат ё худ 11,9% бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2013 шумори ҷиноятҳои вазнин 36 ҳолат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шаҳристон – 14, Кӯҳистони Мастчоҳ – 4, Зафаробод – 3 ҳолат, Ашт – ба андозаи 85,7% ва шаҳри Истиқлол -  50% зиёдтар шудааст.

Гуфта мешавад, шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар вилоят дар ин давра 613 ҳолатро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,4% камтар аст. Аз ин шумор ҳолатҳои ғорати манзилҳо ба миқдори 22,2% коҳиш ёфтааст.