Дар вилояти Суғд ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) се тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ду нафари онҳо, Ф.М. ва Д.З.-и 30 сола дар қаламрави ноҳияи Ашт ва гумонбари сеюм – А.Э.-и 27-сола аз ҷониби кормандони ин шуъба зимни бозгашт аз Русия ба ватан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, нисбати онҳо мутобиқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни минбаъдаи тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ варзида шуд.

Аз соли 2001 фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст. ҲИӮ созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст.

Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри

Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд. Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. ҲИӮ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.