Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл дар робита ба фирори фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милис (ОМОН) Гулмурод Ҳалимов изҳор намуд, ки ӯ нуқси рӯҳиву равонӣ дошт.

«Пас аз санҷиши равонӣ маълум шуд, ки аз нигоҳӣ рӯҳӣ ӯ солим нест. Ҳарчанд мо навори видеоии муроҷиати ӯ аз норозигиаш нисбати маҳдудиятҳо ба занон дар ба бар кардани ҳиҷобро дида бошем ҳам, Ҳалимов медонист, ки ба наздикӣ ӯро аз кор дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мекунанд ва тасмим гирифт, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайвандад», - гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шахсони тасодуфӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ роҳ ёфтанд ва яке аз чунин шахсон Ҳалимов аст.

Раҳимзода бовар дорад, ки Г.Ҳалимов айни замон аз кори кардааш пушаймон аст ва ба ватан баргаштан мехоҳад, зеро медонад, ки ӯро чӣ интизор аст. «Овозаҳои аз ҷониби Ҳалимов ба Сурия бо худ бурдани якчанд шаҳрвандони Тоҷикистон тасдиқи худро наёфтанд», - таъкид дошт ӯ.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, айни замон 159 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия қарор дошта, ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд. Аз ин шумор 150 нафар кушта ва 35 нафар ба ватан баргаштаанд.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов  ахири моҳи апрел  бедарак шуда, ба кор намеомад ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейбук нахустин аксҳое нашр шуданд, ки дар онҳо дар бораи аз пояш захм бардоштани Гулмурод Ҳалимов пас аз ҳамлаи нерӯҳои артиши Сурия маълумот дода шуда буд.