Ёқуб Салимови 60-сола, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои муолиҷа ба Олмон рафтааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сарчашмаҳои боэътимоди наздик ба оилаи Ё.Салимов хабар доданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз анҷоми як давраи муолиҷа Ёқуб Салимов ба Душанбе бармегардад.

Дар ҳамин ҳол, Абӯбакр, писари Ёқуб Салимов дар суҳбати телефонӣ ба савол дар бораи дарвоқеъ ҳам ба хориҷи кишвар сафар кардани падараш посух дод, ки: «Айни замон ӯ дар Тоҷикистон қарор надошта, ба кайҳон парвоз кардааст».

Ёдрас мекунем, ки пас аз ба озодӣ баромадан Ёқуб Салимов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки худро хуб ҳис карда, вазъи солимиаш қаноатбахш аст ва шикоят кард, ки танҳо биноии чашмонаш бад шудаанд.

Ёқуб Салимов рӯзи 21 июни соли 2016 ба озодӣ баромад. Ӯ 13 солро дар маҳбас паси сар кард. Соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши анҷом додани табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ айбдор шуда, кишварро тарк кард, аммо соли 2003 дар Русия боздошт ва баъди чанде ба Душанбе истирдод карда шуд.

Мурофиаи судии пӯшида нисбати Ёқуб Салимов 5 моҳ идома ёфта, 24 апрели соли 2005 Суди олӣ ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ ба хиёнат ба ватан дар шакли суиқасд бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз мақоми хизматӣ айбдор дониста шуда, бо қарори суд аз ҳамаи рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1993) Ёқуб Салимов фармондеҳи яке аз отрядҳои Фронти халқӣ буд. Пас аз оштишавӣ моҳи декабри соли 1993 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкин шуд. Соли 1995 аз ин мансаб барканор шуда, ба ҳайси сафир ба Туркия фиристода шуд, ки дар он ҷо беш аз як сол фаъолият дошт. Пас аз бозгашт ба Душанбе то соли 1997 ӯ ба Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.